29 январи соли 2026 дар бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамии пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» ва амалӣ намудани Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба муваққатан ҷойгир намудани сутунпояҳои махсуси алоқаи мобилӣ дар ҳудуди шаҳр баҳри беҳтар намудани сифати алоқаи мобилӣ ва интернет, тақвияти мавҷи алоқа муҳокима гардид.
Ҳамзамон, масъалаи ҳамкорӣ барои таъмин намудани Wi-Fi-и ройгон барои шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт дар нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, боғҳо ва дигар иншооти дар нақша пешбинишуда низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳангоми презентатсия имкониятҳои асосии лоиҳа, намунаҳои геопортал ва ҳисоботи таҳлилӣ муаррифӣ гардиданд. Марҳилаҳои татбиқ ва нақши ҳар як муассиса дар амалисозии он шарҳ дода шуданд. Илова бар ин, тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ як қатор самтҳо муайян гардида, барои онҳо нақша ва таклифҳои мушаххас таҳия шуда, омодагӣ ба ҳамкорӣ изҳор гардид.
Дар фарҷоми вохӯрии мазкур ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.


Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte