5 декабри соли 2025 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо директори иҷроияи ширкати амрикоии «Brangus SI» Ҷефф Макнаб баргузор гардид.
Мавзӯи асосии вохӯрӣ пешниҳоди ширкати «Brangus SI» оид ба рушди низоми автоматиконидашудаи ошкорсозии қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ буд.
Намояндагони ширкат ҳалли технологиро муаррифӣ намуданд, ки аз камераҳои интеллектуалии видеоӣ бо функсияи муайянсозии қоидавайронкунӣ, алгоритмҳои автоматиконидашудаи коркарди маълумот ва абзорҳои таҳлилӣ барои баланд бардоштани самаранокии назорати ҳаракати роҳ иборат аст.
Роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманди Душанбе» ба омӯзиши пешниҳодҳои ироашуда изҳори таваҷҷуҳ намуда, аҳамияти ҷорӣ намудани низомҳои муосирро барои баланд бардоштани амнияти роҳҳои пойтахт таъкид кард.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи нақшаҳои муштарак ҷиҳати рушди устувори рақамӣ дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд.




Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte