5 декабри соли 2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохурии Миссияи Бонки Чахонӣ бо муовини Раиси шахри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим баргузор гардид. Дар вохӯрӣ инчунин намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумхурии Тоҷикистон, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» иштирок намуданд.
Дар мулоқот лоиҳаи «Миллати солим», рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, ташкили Марказии тиббии табобатии оилави дар шаҳри Душанбе муҳокима карда шуд.
Ҷонибҳои иштироккунандаи вохӯрӣ омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.




Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte