Вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд” бо мушовирони Бонки Осиёгии Рушд ва ҶДММ “Барс Консалтинг”

3 феврали соли 2026 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр Саломзода Раҳмиддин Салом ва бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд», вохӯрии корӣ бо мушовирони Бонки Осиёгии Рушд ва ҶДММ “Барс Консалтинг” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба ва мақсадноки фаъолияти соҳаи нақлиёти пойтахт дар доираи Лоиҳаи «Экомобилити шаҳри Душанбе» “Dushanbe Eco Mobility Project: Concept and feasibility study for Ecomobility in Dushanbe” баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва дохилӣ, донишҷӯён ва волонтёрон баргузории маъракаи баҳисобгирӣ, омӯзиши раванди интиқоли мусофирон дар хатсайрҳои шаҳр ва гузаронидани назарсанҷии густурдаи мусофирон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Мақсади асосии лоиҳа татбиқи нақлиёти ҷамъиятии экологӣ тоза ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати устувори шаҳрӣ мебошад. Ин иқдом ба коҳиши таъсири манфии нақлиёт ба муҳити зист ва беҳтар намудани сифати зиндагии сокинони пойтахт равона шудааст.

Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои шарикӣ ва татбиқи босамари лоиҳа изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top