Вохӯрии КВД «Шаҳри ҳушманд» бо ташкилоти байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон

30 январи соли 2026 роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» вохӯрии корӣ бо муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод ва роҳбари навтаъиншудаи Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон Виктор Лутенко баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ меҳмонон бо самтҳои фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» шинос шуданд. Ҳамзамон рӯнамоии корхона, аз ҷумла ташаббусҳои нав дар соҳаи рақамисозии шаҳр, муаррифӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои мубодилаи маълумот, таҳлили равандҳои муҳоҷират ва татбиқи ҳалли рақамии имконпазир таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд, ки метавонанд дар доираи лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд” барои такмили банақшагирии инфрасохтори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳо истифода шаванд.

Вохӯрӣ дар фазои созанда ва ҳамкоронаи самаранок баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи нақшаҳои муштарак ҷиҳати рушди устувори рақамӣ дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top