Вохӯрии директори КВД “Шаҳри ҳушманд” сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва раиси Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав

Имрӯз санаи 7 феврали соли 2025 дар КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и МИҲД шаҳри Душанбе вохӯрии сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром, директори Zipl.ai раиси Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав Азизҷон Азимӣ ва директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Самадзод Саъдӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ворид намудани зеҳни сунъӣ ба самтҳои мухталифи ҷомеа ва дигар самтҳои рушт сари вақтӣ мебошад.

Бинобар муҳимияти илму маориф ва тарбияи дурусти насли наврас, ба соҳаи маориф диққати хоса дода шуда зимни вохӯрӣ пешниҳод гардид, ки ҷиҳати рушди технологияҳои нав ва илму техника дарсҳои иловагӣ аз ҷумла дарсҳои зеҳни сунъӣ ба таври пилотӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар барномаи электронии “eDonish” иброз намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top