15 августи соли 2024 вохӯрии директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо Роҳбари Дафтари барномаи САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилли Кемпел баргузор гардид.
КВД «Шаҳри ҳушманд» оиди лоиҳаҳои Корхонаро ба меҳмонон муаррифӣ намуданд. Таваҷҷуҳи хоса ба лоиҳаҳои зерин дода шуд: «IT Park», «eTib» дар соҳаи тандурустӣ ва «eDonish» дар соҳаи маориф, инчунин лоиҳаҳо дар соҳаи технологияҳои сабз ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиву таъмини амнияту бехатарии шаҳрвандон дода шуд.
Дар мулоқот дурнамои рушди ин лоиҳаҳо ва имкониятҳои дастгирии шарикони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони САҲА ба ҳамкорӣ бо КВД «Шаҳри ҳушманд» барои табодули минбаъдаи таҷриба дар татбиқи лоиҳа ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед