5 ноябри соли 2024 ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city) -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати коллективии корхона иштирок намуданд.
Ҳозиринро роҳбарияти корхона бо ин санаи таърихӣ табрик намуда, таъкид намуданд, ки Конститутсия роҳи минбаъдаи инкишоф ва пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистонро на танҳо дар ҷумҳурӣ балки дар арсаи ҷомеаи мутамаддин муайян сохт.
Конститутсия дар давраи ноороми таърихӣ ба маркази ҳаракатдиҳандаи қувваҳои солим табдил ёфта, фарҳанги сулҳи тоҷиконро поягузорӣ ва дар амал татбиқ намуд, ки чунин қувваҳои созанда ҳамчун санади муҳимми ҳуқуқӣ ба амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи пешрафти давлат замина гузоштанд.
Дар идома, кормандон вобаста ба ин санади муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ суханронӣ намуданд.
Дар хотима, роҳбарият аҳли нишастро ба муносибати ин ҷашни бузург ва фархунда муборакбод гуфта, таъкид намуд, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки муқаррароти Конститутсияро сармашқи кору зиндагии худ қарор дода, дар пешрафти мамлакат ва ҳаёти иқтисодию иҷтимоии он саҳмгузор бошад.









Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte