ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ “REXGEN CO.LTD.”

ш.Душанбе. 14.09.2023. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари ширкати «RexGen Co.Ltd» Сюнки Джун доир гардид.

Дар оғози мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе бо хушнудӣ ташрифи меҳмонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, мулоқоти имрӯзаро имкони мусоид баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба баён дошт.

Сюнки Джун барои истиқболи самимӣ ва имконияти муҳокимаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори сипос карда, фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистонро диққатҷалбкунанда баҳогузорӣ намуд.

«RexGen» ширкатест, ки ба ҷомеа тавассути таҳияи технологияҳои нав барои ҳали мушкилотҳои соҳаи нақлиёт ва соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ саҳм мегузорад. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси ширкати «RexGen» Сюнки Джун Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ-«Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракати барои воситаҳои нақлиёти маршрути пешбинишуда, тавассути воситаҳои махсуси низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиёт дар кўчаву роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе» ба имзо расонида шуд.

Дар ҳошияи созишномаи мазкур дар як марҳила низоми назорати камераҳои мушоҳидавӣ дар 350 истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо ҷалби сармоягузории ширкати «RexGen» ба нақша гирифта шудааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб Абдураҳмон Абдураҳмонзода ҷиҳати иштироки ҳайати ширкати Кореягӣ «RexGen Co.Ltd» дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023», ки 29-30 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top