2 ноябри соли 2021 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохурии директори корхона Саъдӣ Самадзод бо намояндагони бонки Умумиҷаҳони Намояндаи доими дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон Озан Севимли, Ҳамоҳангсози кишварҳо оид ба барномаҳо ва стратегияҳо Заррина Абдулалиева баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд Саъди Самадзод самтҳои фаъолияти корхонаро муарифӣ намуда, оиди лоиҳаҳои ҳушманд аз ҷумла системаи GPS дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ, “е-Donish”-дар соҳаи маориф ва “еТиб”-дар соҳаи тандурустӣ, маълумот манзур намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардид ва ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро боз ҳам густариш хоҳанд дод.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед