Вохӯрии Вазири нақлиёт бо масъулини соҳаи нақлиёти Бонки Осиёгии Рушд.

Санаи 26 майи соли ҷорӣ вохӯрии маҷозии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо ҳайати мутахассисони Бонки Осиёгии Рушд оид ба рушди нақлиёти шаҳрӣ Ллойд Фредерик Райт, Бертран Гоулу ва Фаррух Нуриддинов баргузор гардид.

Дар оғоз Вазири нақлиёт миннатдории кормандони соҳаи нақлиётро вобаста ба дастгирии ҳамешагии Бонки Осиёгии рушд дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи роҳдорӣ ва нақлиёт ва рушди ин соҳаи муҳими иқтисоди Тоҷикистон байён намуд. Қайд карда шуд, ки ҳамкориҳои Вазорати нақлиёт бо Бонки Осиёгии Рушд аз соли 2000 оғоз гардида дар ин давом 12 лоиҳа бо дастгирии Бонк татбиқ карда шуданд. Ҳиссаи маблағи ҷалбшудаи Бонк 434,4 миллион доллари ИМА ё ин ки 83%-ро дар таркиби лоиҳаҳои муштарак бо дигар институтҳои молиявӣ ташкил мекунад.

Бо дастгирии молиявии Бонки Осиёгии Рушд ду лоиҳа дар самти вилояти Хатлон, марҳилаҳои якум ва дуюми лоиҳаи Барқарорсозии роҳи автомобилгарди “Душанбе –Бохтар” татбиқ шуда истодааст, ки ҳиссаи Бонк дар ин лоиҳаҳо 157,2 миллион доллари ИМА ё ин ки 77%-ро аз маблағи умумӣ (203,8 миллион доллари ИМА) ташкил мекунад. Бо кумаки молиявии Бонки Осиёгии Рушд дар ҳаҷми 110 миллион доллари ИМА марҳилаи якуми лоиҳаи сохтмони “Обигарм – Нуробод” оғоз гардид ва айни замон аз ҷониби Пудратчӣ сафарбаркунии техникаву таҷҳизот ва ҳайати муҳандисону мутахассисон оғоз гардидааст. Корҳои омодагӣ аз ҷумла пардохти ҷубронпулӣ бо маблағи 3,3 миллион сомонӣ, ҷудо кардани замин ва кӯчонидани сокинон минтақа сари вақт иҷро гардидаанд. Инчунин санаи 19 ноябри соли 2020 Бонки Осиёгии Рушд сармояро дар ҳаҷми 67,5 миллион доллари ИМА барои сохтмони роҳҳои автомобилгарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт ва Бохтар-Данғара Гулистон тасдиқ намуд, ки оғози корҳои сохтмонӣ дар ин лоиҳаҳо соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст.

Вазири нақлиёт пешниҳод намуд, ки ҳамкориҳои Тарафҳо дар самти рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ ба таваҷҷуҳи бештар ниёз доранд, зеро шаҳри Душанбе ба Мегаполиси минтақавӣ табдил ёфтааст ва шумораи истиқоматкунандаи расмӣ дар шаҳр бештар аз 900 ҳазор нафарро ташкил мекунанд. Дар ин самт аз ҷониби КВД “Шаҳри ҳушманд” лоиҳаи рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ бо назардошти сохтмони роҳравҳои ҳавои дар гузаргоҳҳо, васлу насби камераҳо ва дигар таҷҳизотҳои мушоҳидавӣ дар гузаргоҳҳои пиёдарав, хиёбонҳо ва гулгаштҳо пешбинӣ шудааст. Тибқи маълумотҳои Вазорат дар ояндаи наздик барои таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёти шаҳрӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва гузаргоҳҳо сохтмони 10 пулҳои (эстакада) се сатҳа зарур мебошад ва мо дар ин самт ҳамкориҳоро бо Бонк тақвият хоҳем бахшид.

Ллойд Фредерик Райт бо хушнудӣ аз ҳамкориҳо бо Вазорати нақлиёт ёдрас шуда, омодагии Бонкро дар баррасӣ ва татбиқи лоиҳаҳои соҳаи нақлиёт ва таъмини рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ дар оянда низ байён намуд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки пешниҳоди Бонк дар соли 2013 оид ба баррасии масъалаҳои танзими анбуҳи мусофирон, мушкилотҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва пешбинии масъалаҳои беҳтар гардонидани инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ ирсол гардида буд ва мо ҳоло ҳам омода мебошем, ки чунин намуд лоиҳаҳоро барои шаҳри Душанбе дастгирӣ намоем.

Фаррух Нуриддинов мутахассиси калони лоиҳаи Бонк қайд намуд, ки дар якҷояги ҷиҳати таҳияи лоиҳаи муфассал бо масъулини шаҳри Душанбе ҳамкорӣ менамоянд ва омодаанд лоиҳаи таҳиянамудаи КВД “Шаҳри ҳушманди” шаҳри Душанберо бо масъулин ва ҷалби ширкати машваратӣ муфассал тарҳрезӣ намоянд. Лоиҳаи пешниҳодгардида иборат аз 10 ҷузъ (компонент) буда маблағи умумии он 35 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекунад. Тибқи маълумоти намояндаи масъули Бонк сармояи ҷалбшаванда ҳамчун грант татбиқ хоҳад гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Вазири нақлиёт барои ҳамкориҳои судманд ба намояндагони Бонки Осиёгии Рушд изҳори сипос намуд.

MINTRANS.TJ Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top