11 ноябри соли 2020 дар дафтари кории КВД «Шаҳри ҳушманд» вохӯри байни директори Корхона ва Ҳамоҳангсози миллии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табии (UNDRR) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Қодиров баргузор гардид.
Зимни вохўри номбурда изҳор доштанд, ки ният доранд дар татбиқи лоиҳаҳои пешрафта, ба монанди лоиҳаҳое, ки ба ҳалли масъалаҳои коҳиш додани хатари офатҳои табии нигаронида шудаанд, дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти шаҳри Душанбе ба иҷро расонанд.
Маврид ба ёдоварист, ки UNDRR ҳадафҳои худро дар се самт амалӣ намудан мехоҳад:
1. Кор оид ба барқарор намудани узвият ва иштироки фаъолона дар ташаббуси ҷаҳонии MCR-2030 (Making Cities Resilient)-Баланд бардоштани устувории шаҳрҳо ба офатҳои табии-2030.
2. Кор оид ба арзёбии устувории шаҳр ба офатҳои табии бо ҷалби як мушовири байналмилалӣ бо иштироки тамоми сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе.
3. Кор оид ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи ҳуҷҷат-Стратегия ва Нақшаи чорабиниҳои шаҳри Душанбе барои устувории шаҳр.
Аз натиҷаи кори самараноки якҷоя, Стратегия ва Нақшаи чорабиниҳо аз тарафи шаҳри Душанбе қабул ва тасдиқ хоҳанд шуд.
Инчунин дар ҷараёни кори муштарак, рушди ҳамкори дар дигар соҳаҳои марбута дар назар аст.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед