Тренинги омӯзишӣ оид ба лоиҳаи рақамисозии соҳаи тандурустӣ “eTib”

28 апрели соли 2026 дар бинои КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷвроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тренинг барои мудирони шуъбаҳои тибби оилавии поликлиникаҳои пойтахт баргузор гардид.

Дар ҷараёни тренинг лоиҳаи “eTib” муаррифӣ шуда, мутахассисон имкониятҳо ва афзалиятҳои татбиқи технологияҳои рақамиро дар соҳаи тандурустӣ муфассал шарҳ доданд. Ба иштирокчиён функсияҳои асосии платформаи “eTib” тавзеҳ дода шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, самараноксозии кори кормандони соҳа ва беҳтар намудани ҳамкорӣ миёни беморон ва муассисаҳои тандурустӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки масъалаи нигоҳдории корти электронии тиббӣ, автоматизатсияи равандҳои қабули беморон ва мубодилаи маълумот миёни ташкилотҳои тиббӣ аҳамияти хоса дорад. Намояндагони КВД “Шаҳри ҳушманд” таъкид карданд, ки татбиқи чунин ҳалли рақамӣ на танҳо қадами муҳим дар муосирсозии низоми тандурустии пойтахт аст, балки имконият медиҳад сифати хизматрасониҳо боло равад, амалиётҳо содда гарданд ва дастрасии аҳолӣ ба ёрии тиббӣ беҳтар шавад.

Иштирокчиён дар анҷоми тренинг ҳавасмандии худро ба идомаи лоиҳа изҳор намуда, зарурати рақамисозии соҳаи тандурустиро таъкид карданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top