Таҷлили Рӯзи Президенти Чумхурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”

Гиромидошти Рӯзи Президент, нишонае аз қадрдонии миллати мо нисбат ба Пешвои муаззами миллат ва омили дигари ваҳдату якпорчагӣ ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум, қадам гузоштан дар роҳи амалисозии нақшаву барномаҳои ояндасози ин марди шариф аст.

Бахшида ба ин санаи бузург 15 ноябри соли 2024 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шахри хушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон баргузор гардид.

Роҳбарияти корхона ҷаласаро оғоз бахшида, оид ба талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ибрози андеша намуданд.

Қайд гардид, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, фароҳаморандаи шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони мамлакат, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Воқеан, хизматҳои ин шахсияти беназир дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.

Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ қадамҳои устувор гузошта, аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем.

Дар ҷаласа инчунин дигар кормандон баромад намуда, аз кору пайкори ин абармарди қавиирода, сулҳпарвару ватандӯст ёдрас шуданд.

Дар интиҳо роҳбарият аз кормандони корхона хизмати содиқонаро ба халқу ватан ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо намуда, бо шукргузорӣ аз фазои ободу озодӣ кишвари маҳбубамон ҷаласаро хотима бахшиданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top