Cоати сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 6 сентябри соли 2024 ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шаҳри ҳушманд»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии тантанавӣ ба муносибати ҷашни 33-юмин солгарди рӯзи Истиқлолият бо иштироки Раиси ташкилот Саъдӣ Самадзод ва аъзоёни ташкилот соати сиёсӣ баргузор гардид.

Соати сиёсиро бо сухани ифтитоҳи Саъдӣ Самадзод оғоз намуда, нақши муҳими Сарвари давлатро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ташаккулёбии сиёсати давлат қайд намуданд.

Зимни багузории чорабинӣ қайд карда шуд, ки 9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст: санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар арзиши муҳиму олӣ маҳсуб меёбад ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукургузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ, бо як ҷаҳон ифтихору саодат ва рӯҳияи баланди ватандориву меҳанпарастӣ онро истиқбол мегирем.

Бо ифтихору арҷгузорӣ аз Истиқлолият – ҷавҳари ҳаёти имрӯзаамон, таманнои онро дорем, ки осмони Ватанамон софу рӯзгорамон обод, саодату пирӯзӣ ва комёбиҳои беназири меҳнатӣ насибамон гардад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top