Сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, ба Ҷумҳурии Қирғизистон

26 августи соли 2025 Хадамоти давлатии андоз назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вохӯрии корӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, дар бораи табдили рақамисозии низоми андоз ва гумрук дар кишвар маълумот дод.

Вохӯрӣ дар доираи сафари расмии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қирғизистон баргузор гардида, ҳадафи он таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба байни ду кишвар буд.

Мавзӯъҳои асосии ҷаласа рақамисозии низоми андоз ва гумрук, рушди сайёҳӣ ва масъалаҳои буҷети давлатӣ буданд.

Намояндагони Хадамоти андози Қирғизистон презентатсияеро дар бораи ислоҳоти андоз ва татбиқи технологияҳои рақамӣ барои баланд бардоштани самаранокии маъмурияти андоз пешниҳод карданд.

Ҷонибҳо инчунин дар бораи масъалаҳои муҳими низоми андозбандии ҳар ду кишвар мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳар ду ҷониб омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи андоз изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top