9 июли соли 2025 — Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев, дар маросими ба кор андохтани суперкомпютери миллии нав дар маркази нави «Alemcloud», ки аз ҷониби Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокосмос дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъсис дода шудааст иштирок намуд.
Кластери нави суперкомпютерҳо, ки бо протсессори графикӣ NVIDIA H200 муҷаҳҳаз карда шудааст, қобилияти коркарди то ду экзафлопсро бо дақиқии FP8 таъмин мекунад, ки онро пурқувваттарин системаи ҳисоббарорӣ дар Осиеи Марказӣ месозад.
Президент Токаев таъкид кард, ки суперкомпютер дар суръат бахшидан ба рақамисозии соҳаҳои муҳимтарини кишвар нақши калидӣ хоҳад дошт.
Захираҳои компютерии баландсифат барои стартапҳои технологияи шабакаи нейронӣ, инчунин донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ дастрас хоҳанд буд.
Дар ҷараёи боздид ба Токаев лоиҳаҳои қазоқистонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ барои тандурустӣ, маориф, идоракунии давлатӣ ва саноат пешниҳод карда шуданд:
Smart City Astana- лоиҳаи дугоники рақамии пойтахт бо истифода аз зиёда аз 100,000 камераҳои амниятӣ бо ЗС барои баланд бардоштани амният ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Alem LLM: Модели забонии казоқӣ бо дақиқии баланд ва мутобиқ ба ҷойгиршавии маҳаллӣ.
AI Kitap: Платформаи таълими инфиродӣ бо китобҳои рақамии мутобиқшаванда.
Baspana Hub: Экосистемаи рақамии манзил ва амволи ғайриманқул бо дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ ва хусусӣ.
Biny.co стартапи логистикӣ, ки ба он 3 иштирокчии беҳтарини Google for Startups Silkway Accelerator дохил шудааст.
Surfaice.pro-стартапи соҳибкорони қазоқистонӣ аз водии Силикон, ки дар 5 иёлоти ИМА бо сармоягузории 1,5 миллион доллар кор мекунанд.
OlympIQ —платформа барои таҳлили маълумоти варзишӣ бо истифода аз ЗС.
Системаи барвақти ошкорсозии сӯхтор: Дар Боғи миллии Бурабай ва захираи Ертис Орманӣ фаъол аст.
АI Meeting Agent: Агент барои табдили сабтҳои аудиоӣ ба протоколҳои хаттӣ.
Аi Therapist -воситаи тиббии ЗС мебошад, ки сабтҳои овозиро эҷод мекунад ва ташхиси пешакиро пешниҳод мекунад.
Лоиҳаи миллии марказонидани маълумоти радиологӣ – ба ташхиси барвақтии бемориҳои саратони равона шудааст.
https://astanatimes.com/2025/07/kazakhstan-launches-central-asias-most-powerful-supercomputer/
Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte