18 март дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба зиёиёни кишвар нерӯи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу карданд.
Ҳадафи мулоқотро Пешвои миллат таҳлилу баррасии масъалаву мушкилоти ҳалталаби аҳли зиё маънидод карданд.
Таъкид доштанд, ки зиёиёни кишвари мо дар муддати қариб се даҳсолаи охир дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми зиёиёнро дар омӯзишу таҳқиқи ҷашнҳои миллӣ ва эҳёи онҳо, аз ҷумла Наврӯз назаррас арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки онҳо дар заминаи сарчашмаҳои бостониву таърихӣ рисолаву таҳқиқоти арзишманд ба чоп расонидаанд.
Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.
Бинобар ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин, баланд бардоштани сифати таълим стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар намояд.
Дар мулоқоти имрӯза Сарвари давлат андешаҳои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ, баён карданд.
Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварду муваффақият ва камбудиву норасоиҳоро баррасӣ карда, вазифаҳоро барои пешрафти минбаъдаи илм ва таҳкими робитаи он бо истеҳсолот мушаххас сохтанд.
Роҳбарону масъулон ва мутахассисони ниҳодҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, ба омӯзиши масъалаҳои мубрами давлатдории миллӣ, таърихи пурифтихору тӯлонии халқи тоҷик, таърихи адабиёт ва забони тоҷикӣ ҷиддӣ машғул шаванд.
Дар навбати худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба талошҳову ташаббусҳо ва ғамхории ҳамешагии Ҳукумати кишвар нисбат ба аҳли зиё суханронӣ карда, дар мулоқоти имрӯза барои пешрафти кори олимону зиёиёни ҷумҳурӣ имтиёзҳову ҳавасмандиҳои навро пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Инчунин, шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд карда шавад.
Аз шумораи умумии стипендияҳои Президентӣ 70 фоиз барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда шавад.
Ба вазоратҳои молия, маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои аз 1 сентябри соли 2021 зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар имтиёзҳо барои омӯзгорони чунин муассисаҳо, бахусус, омӯзгорони ҷавон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.
Дар баробари ин, устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз ин фанҳо ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ карда шаванд.
Инчунин, олимоне, ки ихтирооташон дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ мешаванд, ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда шаванд.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зиёиёни мамлакат ва мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо саодати зиндагиро орзу намуданд.
Президенти мамлакат ба олимон ва зиёиёни кишвар барори кор хоста, изҳори бовар карданд, ки онҳо дар оянда низ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар роҳи рушди илму маориф қадамҳои устувор гузошта, нерӯи худро ба пешрафти боз ҳам бештари ин соҳаҳо равона месозанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки бо осору таҳқиқоти илмӣ ва мавқеи ватандӯстонаи худ аз илми ватанӣ дифоъ мекунанд ва дар адои ин рисолати шаҳрвандӣ талоши бештар менамоянд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд нафар иштирокчии мулоқот, зиёиёни эҷодкор, олимон ва муҳаққиқон, хонандагон ва донишҷуён — Мавлуда Маҳмадниёз, Сироҷиддин Чоршанбезода, Сулаймон Назруллозода, Моҳноза Кабирзода, Ризои Баҳромзод, Яминзода Зарина, Сурайё Мақсудзода, Толибӣ Муътабар ва Фарзона Розиқзода, бо пешниҳодҳо баромад карданд.
/АМИТ «Ховар»/ Хабар медиҳад.
Илова кунед