1 апрели соли 2026 мулоқоти роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарияти ширкати чехии “Praktik System” баргузор гардид.
“Praktik System” ширкати чехӣ буда, соли 1994 таъсис ёфтааст ва ба коркарди партовҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои устувори экологӣ машғул мебошад. Ширкат ба ҷамъоварӣ, ҷудосозӣ (сортировка) ва коркарди дубораи намудҳои гуногуни партовҳои электронӣ ва маишӣ машғул буда, ба рушди иқтисоди “сабз” ва коҳиши ҳаҷми партовҳое, ки ба партовгоҳҳо меафтанд, мусоидат мекунад.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо дурнамои татбиқи лоиҳаи муштарак оид ба идоракунии партовҳои электронӣ ва маишӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ намуданд.
Ба масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияҳои муосири коркард, баланд бардоштани самаранокии низоми муомилоти партовҳо ва беҳтар намудани вазъи экологӣ дар пойтахт таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Мулоқот дар фазои созанда ва корӣ баргузор шуда, ҷонибҳо омодагии худро дар рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак баён намуданд.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte