19 феврали соли 2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо мутахассиси шарикии давлат ва бахши хусусии Бонки Ҷаҳонӣ Елена Тимушева ва иқтисодчии калони Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Зияев, инчунин афсари корпоратсияи байналмилалии молиявии (IFC)-и гурӯҳи бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарух Султонов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ инчунин директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод ва сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе Мустафо Шохталбзода ҳузур доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот фаъолияти Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Мавзӯи асосии муҳокимаҳо имкониятҳои ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ ва IFC дар шакли лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буд.
Аз ҷониби директори КВД «Шаҳри ҳушманд» лоиҳаҳои «Асосҳои рақамии Тоҷикистон», «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ», лоиҳаи «eTib» дар соҳаи тандурустӣ, инчунин лоиҳаҳо дар соҳаи системаи нақлиёт баррасӣ карда шуданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки лоиҳаҳои КВД «Шаҳри ҳушманд» ва Бонки Ҷаҳонӣ ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва навсозии онҳо дар шаҳри Душанбе нигаронида шудаанд.
Дар хулосаи мулоқот афзалиятҳои асосии лоиҳаҳо ва қадамҳои минбаъдаи татбиқи онҳо баррасӣ карда шуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед