Шабакаи шаҳрии Интернет аз рўи технологияи Wi-Fi.

Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба самъи сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки дар боғҳои фароғатию – истироҳатӣ, воситаҳои нақлётии мусофирбарии автобусҳои №,3,8,1,4,43,7,22 ва тролейбусҳои №1,10 шабакаи интернетии Wi-Fi васл карда шудааст. Хизматрасонии шабакаи интернетии Wi-Fi ройгон буда, дар доираи консепсияи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»- амалӣ шуда истодааст.

Шабака хусусиятҳои зерин дорад:

-иқтидори умумии нуқтаи дастрасӣ ба Интернет дар як вақт на камтар барои 100 дастгоҳ таъмин карда мешавад;

-кори диапазонҳои (2.4 ГГц) босифат буда, хатари таъсири мудохилаи эфириро коҳиш медиҳад;

-суръати ҳар як истифодабаранда на камтар аз 12,8 кб/сония мебошад, ки истифодаи барномаҳои шаҳрӣ, паёмнависии мобилии фаврии босифатро кафолат дода ва инчунин мубодилаи босифати аксҳо ва видеоҳоро имкон медиҳад.

Тартиби пайвастшавӣ:

-барои пайвастшавӣ ба Wi-Fi аз рӯйхати шабакаҳои дастрас интихоб карда, браузеро кушода бо истифода аз телефон вориди система мешавед.

-пайвастшавӣ дар шабакаи Wi-Fi дар як рўз як маротиба пешбинӣ шуда, дар давоми рўз бошад барои истифодаи Интернет танҳо шабакаи Wi-Fi-ро интихоб намуда, браузеро ворид карда тугмаи «пайваст» – ро пахш мекунед.

Шаҳрвандон метавонанд, оид ба сифати хизматрасонии шабакаҳои Wi-Fi ба Хадамоти дастгирии техникии Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» тавассути телефонҳои (+99237) 227 47, 45, Viber, WatsApp 98732 2020 муроҷиат намоянд.