Санаи 5-уми ноябри соли 2025, дар бинои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии муовини якуми Агентӣ — Ҳаким Исмоилзод, бо ҷалби намояндагони ҳайати кории Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) ва сохторҳои дахлдори соҳаи технология, мизи мудаввар баргузор гардид.
Намояндаи Корхонаи воҳидии давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин чорабинӣ иштирок кард.
Ҳадафи иштирок муаррифии дастовардҳои рақамӣ, баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ва шиносоӣ бо таҷрибаҳои муосири ҷаҳонӣ дар соҳаи «Шаҳри ҳушманд» мебошад.


Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte