8 ноябри соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзуи «Ифтитоҳи раванди таҳияи Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе» доир гашт. Дар мизи мудаввар иштирокчиён дар мавзуҳои «Муаррифии методологияи ҷаҳонии таҳияи Шарҳи ихтиёрии маҳаллӣ», «Рӯнамоии Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳия ва муаррифии Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳии Душанбе», «Муаррифии консепсия ва мундариҷаи Шарҳи ихтиёрии маҳалии шаҳри Душанбе» ва дигар мавзуҳо маъруза карданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед