Дар КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart city)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи солонаи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид, ки аз тарафи Саъдӣ Самадзод, Раиси ташкилоти ҳизбии “Шаҳри ҳушманд” оид ба корҳои анҷомдодашуда (соатҳои сиёсӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузаронидани шанбегиҳо) дар тўли соли 2020 ҳисобот дода шуд. Айни замон 12 нафар кормандон аъзои ташкилоти ибтидоии “Шаҳри ҳушманд” мебошанд.
Дар соли 2020 аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Шаҳри ҳушманд” корҳои зерин анҷом дода шуданд:
• Соати сиёсӣ оид ба эълон намудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”;
• Дахсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028;
• Риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;
• Пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID – 19;
• 23- солагии «Ваҳдати миллӣ»;
• Мубориза бар зидди «терроризм ва экстремизм» дар байни ҷавонон;
• 29-солагии «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
• «Пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»;
• «Рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
• «Рузи Парчами миллӣ».
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шаҳри ҳушманд» ва аъзоёни ҳизб дар чорабиниҳои фарҳангӣ аз ҷумла: «Артиши миллӣ», «Рўзи Модарон», Наврўз – 2020 саҳми худро гузошта, бахшида ба соли нави мелодӣ ба ятимон ва ба Хонаи пиронсолон ҳамроҳ бо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолона иштирок намуда, бо туҳфаҳои солинавӣ табрик карданд.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед