Санаи 21 августи соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Конференсияи августии кормандони соҳаи маориф таҳти унвони «Рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ: аз мафҳум то амал дар маорифи пойтахт» баргузор гардид. Дар он дастовардҳои 5 соли охир дар самти рақамикунонӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимии пойтахт муаррифӣ шуданд.
Пеш аз оғози конференсия, гузариш ба баҳодиҳии 10-хола дар барномаи «eDonish» муаррифӣ гардид, ки ба баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат мекунад. Қайд шуд, ки дар соли таҳсили 2025–2026 тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр пурра ба низоми рақамӣ мегузаранд.
Қабули хонандагони синфи 1 низ тайи ду сол тавассути платформаи «eDonish» сурат мегирад, ки шаффофият ва тақсимоти одилонаро таъмин менамояд.
Мақсад — дастрасии умум ба таҳсил, шаффофият ва тақсимоти дурусти кӯдакон вобаста ба маҳалли зист.








Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte