Сардори Хадамот Исфандиёри Саъдулло ва ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ бо роҳбарии Чарлз Ҳерпи ҷузъҳои лоиҳа, инчунин тадбирҳои иҷрои Матритсаи чорабиниҳои лоиҳаи «Тоҷикистони рақобатпазир, фарогир ва устувор» – ро баррасӣ карданд.
Созишнома дар бораи татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» моҳи январи соли ҷорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ ба имзо расид. Маблағи умумии он 39 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он 30 миллион доллар гранти бонки Ҷаҳонӣ ва 9 миллион доллар гранти Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) мебошад.
Мақсади асосии лоиҳа васеъ кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои алоҳидаи рақамии давлатӣ ва баланд бардоштани малакаҳои рақамии аҳолӣ мебошад.
Интизор меравад, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳа беш аз 28 ҳазор нафар малакаҳои рақамӣ ба даст меоранд, ҳадди аққал 100 мактаб ва муассисаҳои давлатии дар наздикии он ҷойгиршуда ба интернети устувори фарохмаҷро пайваст карда мешаванд.
Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte