21 ноябри соли 2025 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози маросим Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, роҳбарияти корхона бо суханрониҳои табрикотӣ баромад намуда, аҳаммияти Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ ва ифодаи садоқат ба Ватанро таъкид карданд.
Зимни баромадҳо қайд гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти Парчами ваҳдату ҳамбастагӣ ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо намудааст.
Дар доираи ҷамъомад кормандони КВД «Шаҳри ҳушманд» дар мавзӯи «Парчам рамзи муқаддаси давлат, ифтихори миллат» баромад карданд.
Боиси ифтихор аст, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ маънои эҳтиром ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллатро дошта, ҳамзамон рамзи арҷгузорӣ ба давлат ва давлатдорӣ мебошад.













Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte