Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи низоми гузариши пурра ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тариқи барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

2 сентябри соли 2025 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» –и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» инчунин, иҷрои қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 июли соли 2023, №375 ва аз 23 феврали соли 2024, №104 «Дар бораи Пардохти ҳушманд (Smart Pay)» баргузор шуд.

Дар ҷаласа намояндагони 54 сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ бо ҶСП «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)» ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ баррасӣ шуданд.

То имрӯз, барномаи «Smart Pay» дар 40 муассисаи хизматрасонии муздноки давлатӣ пурра насб гардида, истифодаи он ба натиҷаҳои назаррас мусоидат намудааст. Дар ҷараёни ҷаласа, ба масъалаҳои марбут ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта, суръатбахшии расонидани хизматҳои давлатӣ ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои шаҳрӣ бо платформаи «Smart Pay» таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Боиси қайд аст, ки барномаи «Smart Pay» на танҳо воситаи қабули пардохтҳо, балки платформаи мукаммали автоматикунонии равандҳои кории муассисаҳо буда, заминаи устувор барои гузариш ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, таҳкими шаффофияти хизматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи эътимоди шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top