Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоб ба дархости Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба ҷудо намудани 78 млн. евро маблағи иловагӣ хабар дод

Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ Завқи Завқизода ҳамчун ҳамраиси қисми тоҷикистонии Кумитаи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо якҷо бо муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ пайгирии мактуби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба расонидани дастгириҳои молиявию техникӣ барои пешгирии пайомадҳои паҳншавии пандемияи коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Вобаста ба ин Сафири Иттиҳоди Аврупо Мерилин Йосефсон иттилоъ дод, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоб ба дархости Ҳукумати ҷумҳурӣ кумакҳои молиявии иловагиро ба маблағи 48 млн. евро грант ва тавассути Бонки Сармоягузории Аврупо 30 млн. евро қарз барои нақшаҳои зиддибуҳронии Ҳукумати мамлакат сафарбар менамояд. Маблағҳои мазкур тавассути соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таҳкими сарҳад, тақвияти муассисаҳои тиббию таълимӣ, обёрӣ, санитарӣ ва пешгирии пайомадҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона мегарданд. Илова бар ин муҷаҳҳазгардонии мутахассисони соҳаи тиб бо либосҳои ҳимоявӣ дар 25 дармонгоҳи тиббӣ ба маблағи 1,3 млн. евро ва таъмини лавозимоти санитарӣ ба муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 780 ҳазор евро анҷом дода мешавад.

Дар доираи ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ аз Иттиҳоди Аврупо 631 млн. евро грант барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика ҷалб гардида, илова бар ин дар доираи Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 маблағ дар хаҷми умумии тақрибан 360 млн. евро пешбинӣ шудааст.

Инчунин дар мулоқот масъалаҳои дигари рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла REX, GSP+, дастгирии буҷет муҳокима гардиданд. Завқӣ Завқизода дар навбати худ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ба Намояндаи Иттиҳоди Аврупо баён карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати тақвият ва рушди ҳамкории дуҷониба иброз намуд.


/АМИТ «Ховар»/
Хабар медиҳад.

Илова кунед.

scroll to top