15 майи соли 2025 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия Саммити “Шаҳри ҳушманд (Smart City Summit)” баргузор шуд, ки ба ҳамгироии технологияҳои муосири рақамӣ ба инфрасохтори шаҳрӣ бахшида шудааст
Саммит коршиносон, намояндагони муниципалитетҳо, ширкатҳои IT ва муассисаҳои илмиро аз тамоми ҷаҳон муттаҳид кард.
Мавзӯъҳои асосӣ дар Саммит рушди устувори шаҳрҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, тағирёбии рақамӣ, инчунин рушди шаҳрҳо ҳамчун фазои мусоид ва қулай барои ҳаёти шаҳрвандон буданд.
Иштирокчиён тамоюлҳои муҳими рушди оқилонаи шаҳрро муҳокима ва таҷрибаи ҷорӣ кардани қарорҳои инноватсиониро мубодила карданд, инчунин самтҳои ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи рақамикунонӣ муайян намуданд.
КВД “Шаҳри ҳушманд (smart city)” – и Мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Сафорати Ҷумҳурии Австрия ва Vienna Business Agency барои даъват ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ, ки барои мубодилаи таҷриба ва ҳамкорӣ дар соҳаи экосистемаи шаҳр ҳамчун платформа хизмат менамояд, изҳори сипос менамояд.
Корхона татбиқи қарорҳои пешрафтаро, ки ба баланд бардоштани некуаҳволӣ, амният ва устувории шаҳри Душанбе равона шудаанд, идома медиҳад.





Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte