Дар доираи форуми «Digital Almaty 2025» дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон намояндаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори ҶСК «Марказҳои сертификатсия, хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди рақамӣ барномаҳо» Ҳакимҷон Қодиров дар мавзӯи ташаббусҳои рақамӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд, баромад кард.
Ҳадафҳои асосии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионии кишвар ва татбиқи ҳукумати электронӣ мебошад.
Ҳамчунин зимни суханронӣ ба татбиқи ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон, ки гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва ҳамгироии сохторҳои давлатиро дар як платформаи ягонаи таҳлил ва идоракунии равандҳоро таъмин хоҳад кард, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Татбиқи ташаббусҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар доираи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди зехни сунъӣ барои давраи то соли 2040, инчунин дар доираи эълони солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” амалӣ карда мешавад.









Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte