Аз 20 то 24 апрели соли 2026 дар Ҷумҳурии Сингапур курси омӯзишии “Системаи ҳамгирои нақлиётӣ” баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, идораҳои нақлиётӣ, муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои соҳавӣ аз кишварҳои гуногун иштирок намуданд. Намояндаи КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин курс иштирок намуд.
Барномаи курс ба омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар рушди ва идоракунии системаҳои нақлиёти заминӣ бо дарназардошти омилҳои экологӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ равона шудааст. Иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки бо муносибати мукаммали Ҷумҳурии Сингапур дар ташкили инфрасохтори самаранок ва устувори нақлиётӣ шинос шаванд.
Иштирок дар ин курс ба мутахассисон имкон дод, ки салоҳиятҳои касбиро васеъ намояд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзад ва имкониятҳои татбиқи ҳалли пешрафтаро дар рушди системаи нақлиёти шаҳрӣ баррасӣ намоянд.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte