Иштироки намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» дар ҷаласаи дуюми Гуруҳи корӣ оид ба ҳамкориҳои сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус

Cанаи 6-уми декабри соли 2024 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сафирон ва бахши хусусӣ аз ҳарду ҷониб бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фаррух Юсуфзода ва муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Белорус – Наумович Владимир Александрович ҷаласаи дуюми Гуруҳи корӣ оид ба ҳамкориҳои сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус дар шакли маҷозӣ баргузор карда шуд.

Таъкид гардид, ки таъсиси механизми мазкур самаранок буда, ҳадафи асосии он таҳкими робитаҳои иқтисодии мамлакат ва муаррифии муҳити сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии Ҷумҳурии Белорус мебошад.

Механизми мазкур ба ташкили заминаи сохторӣ ва ташкилии танзими муносибатҳо бо доираҳои соҳибкорӣ, инчунин муҳокима ва баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои асосӣ, муайян намудани самтҳои ояндадори сармоягузории тиҷорат мусоидат хоҳад кард.

Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти Корхона маъӯза намуда, лоиҳаҳоеро пешниҳод намуданд, ки дар доираи онҳо ҳамкорӣ кардан мумкин аст.

Зимни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, амалҳои минбаъдаи вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ пешниҳод ва муҳокима карда шуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top