Аз 25 то 28 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии сайеҳии Душанбе-2024 (Dushanbe International Tourism Exhibition-2024) бахшида ба рӯзи ҷаҳонии сайеҳӣ мегузарад.
КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Форуми «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои устувори сайеҳӣ» иштирок карданд, ки дар он иштирокчиён дурнамои рушди сайёҳиро муҳокима намуданд.
Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» лоиҳаи «Шаҳри бехатар» – ро пешниҳод карданд, ки системаи интеллектуалии назорат ва пайгирии ҳаракати объектҳои системаи нақлиётӣ, инчунин системаи назорати видеоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар марказҳои дилхушию фароғатӣ, боғҳои истироҳативу фароғатӣ, ҷойҳои дидании шаҳр, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла шуъбаи милитсияи саёҳии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе таъмини амнияти сокинон ва меҳмонони пойтахтро дар бар мегирад.
Дар навбати худ намояндагони милитсияи сайеҳӣ дар бораи таъсиси милитсияи сайеҳӣ дар шаҳри Душанбе, ки барои дастгирӣ ва тартибот ҳангоми будубоши сайёҳон дар пойтахти мо масъуланд, маълумот доданд. Дар шуъбаи милитсияи сайеҳӣ маркази тамос бо рақами 02-00, ки 24/7 фаъолият мекунад ва шумо ба он метавонед дар бораи масъалаҳои марбут ба фаъолияти онҳо муроҷиат намоед.
Намоишгоҳ бо ташаббуси Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайеҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.














Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte