24 июли соли 2024 роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муколамаи сармоягузорӣ байни ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ таҳти роҳбарии ва ҳамоҳангсозии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 100 нафар намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусии ду кишвар сурат гирифт.
Директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзод бо назардошти имкони ҳамкориҳои дуҷониба лоиҳаҳои корхонаро муаррифӣ намуданд.
Пас аз анҷоми қисми расмӣ мулоқотҳои дуҷониба дар формати B2B баргузор гардида, самтҳои нави ҳамкорӣ муайян карда шуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед