27 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Гурӯҳи коршиносон оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи системаҳои устувори нақлиёти интеллектуалӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва уқёнуси Ором ЭСКАТО (Economic and Social Commission for Asia and The Pacific- ESCAP), намояндагони вазоратҳои нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, коршиносон ва мушовирон, ки дар ин соҳа кор мекунанд иштирок карданд.
Мавзӯи асосии муҳокима “Фаҳмиши мушкилот ва афзалиятҳо барои сиёсат ва стратегияҳои нақлиёти зеҳнӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” буд.
Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин ҷаласа иштирок варзида дар бораи лоиҳаҳои худ дар соҳаи нақлиёт баромад намуданд.
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон майдончаи фароҳам овардани шароити ҳамкорӣ дар соҳаи системаҳои устувори нақлиёти зеҳнӣ буд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед