29 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми байналмилалии сармоягузории кӯҳӣ-металлургӣ баргузор гардид.
Форум тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони соҳаи саноати кӯҳӣ ва ширкати «Восток Капитал» ташкил карда шуд.
Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе лоиҳаҳои корхонаро муаррифӣ намуда, ояндабинии худро дар татбиқи пешниҳодҳои рақамӣ дар соҳаи саноат қайд намуданд.
Форум ҳамчун майдони мубодилаи таҷриба ва тавсияҳои амалӣ, ки тамоми ҷанбаҳои муҳими рушдро дар ин соҳа пешбинӣ мекунанд, хизмат мекунад.






Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte