25 сентябри соли 2024 дар шаҳри Ханчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин намоишгоҳи байналмилалии “Global Digital Trade Expo” кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ бахшида ба савдои рақамӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Холмуҳаммадзода Сорбони Амирхонӣ ва директори КВД шаҳри ҳушманд (Smart city)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳи Байналмилалӣ дастовардҳои тиҷорати рақамӣ аз Чин, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои меҳмон, инчунин дастовардҳои шаҳрҳои байналмилалии бародаршаҳр пешниҳод карда мешаванд.
Ҳашт самти махсус ба мавзӯъҳои мубрами тиҷорати рақамӣ, аз ҷумла маълумот ва молия, тиҷорати электронии Роҳи Абрешим, зеҳни сунъӣ, шаҳрҳои интеллектуалӣ, вақтхушиҳои рақамӣ, саёҳати ҳушманд, тандурустии рақамӣ ва электроникаи истеъмолӣ бахшида шуда, тамоюлҳо ва самтҳои ояндаи тиҷорати рақамиро таъкид мекунанд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед