Имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маркази миллии илмии рушди тандурустии ба номи Салидат Қаирбековаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва ширкати «ТаҷЭл»

16 октябри соли 2024 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарияти Маркази миллии илмии рушди тандурустии ба номи Салидат Қаирбековаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва директори ширкати «ТаҷЭл» баргузор гардид.

Ҳайати Маркази миллии илмии рушди тандурустии ба номи Салидат Қаирбекова бо сафари корӣ рузҳои 15-19 октябр ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Фаъолияти маркази номбурда ба дастгирии методологии тағирёбии рақамии соҳаи тандурустӣ ва рушди стандартҳои тандурустии электронӣ равона карда шудааст.

Дар ҷараени мулоқот ҷонибҳо лоиҳаи «eTib»-и КВД «Шаҳри ҳушманд»- ро дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ намуданд. Зикр гардид, ки бунёди платформаи рақамии тандурустии шаҳри Душанбе «eTib» вазифаҳои банақшагирӣ, тақсимот ва баҳисобгирии захираҳои кормандони тиб, техникаи тиббӣ ва назорати нишондиҳандаҳои асосии стратегии соҳаи тандурустиро баррасӣ менамояд.

Дар чорчубаи мулоқот маросими имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ баргузор гардид, ки оғози кори муштарак хоҳад буд.

Инчунин мулоқот бо намояндагони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, боздид аз дармонгоҳҳои шаҳрӣ бо мақсади таҳлили рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мулоқот бо нияти ҳамкории минбаъда самаранок гузашт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top