«Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» таҳти унвони «Душанбе – шаҳри ҳушманд»

30 майи соли 2023 дар толори «Кохи Суруш» – и шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию шаҳрӣ, омӯзгорон ва кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъдод ва навовари пойтахт Маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» таҳти унвони «Душанбе – шаҳри ҳушманд» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз љониби КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 10 муассисаи таҳсилоти миенаи умумии шаҳри Душанбе барои ҳамкориҳои судманд ва фаъолияти назаррас дар татбиқи Барномаи электронии «eDonish» бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top