Дар сомонаи расмии КВД «Шаҳри ҳушманд» гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» таъсис дода шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд фикру дархостҳо ва наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, фавқулодда (ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор) садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

      «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO,Telegrams бо рақами телефони мобилии (+ 992) 900 000 000 ва почтаи электронии info@dsc.tj истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

      Махфӣ нигоҳ доштани шахсият ва маълумотҳо кафолат дода мешавад.