Дар шаҳри Душанбе барномаи «Kudak.tj» рӯнамо шуд

27 апрел дар IT Park Душанбе маросими расмии рӯнамоии барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баргузор гардид. Барнома бо ҳузури роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва намояндагони соҳаи маориф муаррифӣ шуд.

Барномаи «Kudak.tj» платформаи онлайн барои волидайн буда, имкониятҳои бақайдгирӣ ва пешниҳоди ариза бе муроҷиатҳои такрорӣ, интихоби кӯдакистон тавассути харитаи интерактивӣ, пайгирии навбат ва ҳолати дархост дар утоқи шахсӣ, гирифтани огоҳиномаҳо дар ҳар марҳила, инчунин дастрасӣ ба китобҳо, афсонаҳо ва маводи омӯзишиву тарбиявиро фароҳам меорад.

Ин иқдом қадами муҳим дар рушди инфрасохтори рақамии маориф ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар тарбияи кӯдакон ба ҳисоб меравад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top