Дар мактабҳои Душанбе дарси ҳуши маснуӣ роҳандозӣ мешавад

Сар аз моҳи сентябр дар як қатор мактабҳои шаҳри Душанбе дарсҳои иловагии ҳуши маснуӣ (зеҳни сунъӣ) ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи пойтахт хабар додааст.

Ба гуфтаи ин марказ, ин иқдом дар доираи татбиқи “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон” барои давраи то соли 2040, ки бо қарори ҳукумат аз 30 сентябри соли 2022 ба тасвиб расидааст, амалӣ мегардад.

Ҳадафи роҳандозии омӯзиши ҳуши маснуи дар маткбаҳои шаҳри Душанбе “рушди қобилиятҳои зеҳнии насли нав ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникӣ”-и онҳо гуфта мешавад.

Маълум нест, ки дар чанд ва кадом макатбҳо дарси ҳуши маснуӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, бо мақсади ба роҳ мондани омӯзиши ҳуши маснуӣ як гурӯҳи корӣ иборат аз намояндаҳои Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон ба як қатор мактабҳои пойтахт рафта, бо директорони онҳо вохӯрдаанд.

“Зимни мулоқот, аз ҷониби гурӯҳи корӣ доир ба омӯзиш ва рушди зеҳни сунъӣ, имкониятҳои он дар низоми маориф ва аҳамияти баланд бардоштани саводнокии рақамии хонандагон маълумоти муфассал пешниҳод гардид”, – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Азия-Плюс TJ Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top