Чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон

22 ноябри 2024 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинии идона роњбарияти корхона суханронии табрикӣ намуданд. Зимни суханронињо аҳаммияти Парчамро ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва ифодаи ҳисси садоқат ба Ватан қайд гардид.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти Парчами ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои глобалии он дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазоворро гирифтааст.

Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top