Боздиди Вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон аз КВД «Шаҳри ҳушманд»

14 октябри соли 2025, дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон Шерматов Шерзод Хотамович бо ҳайати ҳамроҳаш аз КВД «Шаҳри ҳушманд» дар шаҳри Душанбе боздид ба амал овард. Меҳмононро роҳбарияти корхона бо гарму самимият истиқбол намуда, ин вохӯриро фурсати муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ карданд.

Ҳайат бо фаъолияти корхона, инфрасохтори рақамӣ ва лоиҳаҳои амалкунандаи «Шаҳри ҳушманд» шинос гардид. Ҷонибҳо табодули таҷриба ва таҳияи роҳҳои татбиқи ҳалли инноватсионӣ дар идоракунии шаҳрро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тарафҳо омодагии худро барои барқарорсозии робитаҳои шарикӣ ва густариши ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуда, вохӯрӣ дар фазои созанда ва самарабахш анҷом ёфт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top