БОЗДИД АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ №329-И ШАҲРИ ТОШКАНД

21 сентябри соли равон ҳайати шаҳри Душанбе дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мактаби миёнаи №329- и шаҳри Тошканд ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами ин муассисаи таълимӣ ва дастовардҳои он шиносоӣ пайдо карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии мазкур навтаъсис буда, он соли 2020 ифтитоҳ гардида аст. Ин мактаби 4-табақаӣ дар майдони 16919 метри квадрати бунёд гардида, аз 72 синфхона бо гунҷоиши 1680 ҷойи нишаст иборат буда, дорои 20 синфхонаии фаннӣ, 14 синфи барои зинаи ибтидоӣ ва 14 синфи дигар барои таълимӣ забонҳои хориҷӣ мебошанд. Инчунин, дар назди муассиса озмоишгоҳҳо, клубҳо, китобхонаи электронӣ, нуқтаи тиббӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва майдончаҳои варзишии замонавӣ амал менамояд.

Дар муассисаи мазкур 2321 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 120 омӯзгор таълим медиҳанд, ки 53%-и онҳо дорои дараҷаи тахассусии якум ва олӣ мебошанд.

Дар мактаб кабинетҳои роҳнамоии касбӣ амал мекунанд, ки бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва тарбияи меҳнатииё таълимгирандагон мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 18 сентябри соли равон ҳайати шаҳри Душанбе бо мақсади табодули таҷриба ва густариши робитаҳои нек дар соҳаи маориф ва рақамикунонӣ бо даъвати ҷониби ӯзбекистонӣ ба шаҳри Тошканд сафар карданд.

САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top