БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ НАЗОРАТИИ ШАҲРИ ТОШКАНД

20 сентябри соли равон ҳайати кории шаҳри Душанбе аз муассисаи Маркази назоратии шаҳри Тошканд боздид ба амал оварданд.

Муассисаи мазкур дар назди ҳокимияти пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дошта, бо системаи суратҳисоб ва порталҳои 60 шуъбаҳои барқ, газ, об, гармидиҳӣ, роҳ, инфрасохтори нақлиёт ва амнияти ҷамъиятӣ васл гардидааст. Ин муассиса бо мақсади расонидани хидматрасониҳои муосир ба мардум таъсис дода шудааст. Дар сохтмони бинои 4-табақаи муассиса аз буҷети ҳокимияти маҳаллӣ 110 миллиард сӯм сарф шудааст. Муассиса бо 60 сервер, видеодевори калонҳаҷм ва компютерҳои фардӣ муҷаҳҳаз буда, ба масъулин имкон медиҳад, ки бо истифода аз мавқеи ҷуғрофиёӣ вазъияти ҷории кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро зери назар дошта бошанд.

Маркази вазъият ба уҳдадориҳои стратегӣ, ба монанди таҳлили вазъият ва банақшагирии инфрасохторҳои шаҳрӣ низ мепардозад. Нақшаи ҷойгиркунии беморхона, муассисаи таълимӣ, кӯдакистон, таъмиру азнавсозии роҳҳову шабакаҳои обу барқ дар ин марказ тартиб дода мешаванд. Дар муассисаи мазкур 100 нафар мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки таҷрибаи Маркази вазъият аз ҷониби роҳбарияти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди қабул қарор гирифта, қарор аст он дар дигар манотиқи ин кишвар низ амалӣ карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати 22-нафарии шаҳри Душанбе бо дастгирии шаҳрдори пойтахт, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 18 сентябри соли равон бо даъвати ҷониби тошкандӣ бо мақсади табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои неки мутақобила вориди пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд. Сафари гурӯҳи корӣ дар доираи шартномаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ҷиҳати гузариш ба рақамикунонии пурраи соҳаи маорифи шаҳри Душанбе амалӣ гардида, то 22 сентябр идома хоҳад кард.

САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top