Баргузории семинар оид ба вазъи идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва таҳлили имконоти рушди маҷмӯии система барои шаҳри Душанбе

       

17 сентябри соли 2025 дар бинои IT Park-и шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи “Рушди устувори шаҳри Душанбе”, ки дар назди КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ гардида истодааст, семинар оид ба вазъи идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва таҳлили имконоти рушди маҷмӯии система барои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

       

Роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар семинари мазкур иштирок намуда, бо суханони ифтитоҳии самимӣ иштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфт ва аҳамияти рушди технологияҳои муосирро дар самти беҳтарсозии инфрасохтори шаҳрӣ дар самти идоркунии партовҳои сахти маишӣ таъкид намуд.

       

Дар ҷараёни муаррифӣ, ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳа, аз ҷумла беҳтар намудани низоми идоракунии партовҳои сахти маишӣ тавассути рақамисозӣ, мониторинги системавӣ барои беҳтар намудани вазъи экологӣ дар шаҳри Душанбе, рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодии пойтахт, инчунин ҳифзи муҳити зист, қайд карда шуданд.

       

Ҳамчунин, дар семинари мазкур роҳбари гурӯҳи машваратӣ, мутахассисони рушди корпоративӣ дар соҳаи идоракунии партовҳо, коршиноси молиявӣ, координатори маҳаллии лоиҳа ва намояндагони дигар сохторҳое, ки дар ин самт фаъолият доранд, дар мавзӯъҳои гуногун вобаста ба идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва таҳлили имконоти рушди маҷмӯии система барои шаҳри Душанбе иштирок ва маъруза намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top