БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРӢ- “DUSHANBE-INVEST-2021” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Форуми байналмилалии сармоягузорӣ – “DUSHANBE-INVEST-2021” баргузор гардид.

Форуми мазкур дар доираи татбиқи Барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, банди 21-и Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо дар доираи эълон гардидани “Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 марти соли 2021, №135 тасдиқ гардидааст, инчунин ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳр, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии кишвар, ҷалби сайёҳон, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар оғози Форуми байналмилалии сармоягузорӣ – “DUSHANBE-INVEST-2021” Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври маҷозӣ меҳмонон ва иштирокчиёни ин чорабинии бошукӯҳро хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки Форуми мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ва рушди иқтисоди мамлакат шароити мусоиде фароҳам меорад. Фазои сармоягузории Тоҷикистон, ба хусус пойтахти он шаҳри Душанбе бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтару хубтар гардида, ба марҳилаи сифатан нав баромад. Муҳтарам Раис дар баромади худ ҳамчунин изҳор доштанд, ки татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ тайи солҳои охир имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар ба таври мунтазам рушд намуда, бо муҳайё намудани имкониятҳо ва додани имтиёзҳо ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш дода шуд. Дар интиҳои баромади хеш Раиси шаҳр ба кори ҳамоиш муваффақият хонда, барои мубодилаи афкор ва таҷриба дар баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаҳои судманд ба ҳозирин барору комёбӣ таманно намуданд.

Қайд бояд кард, ки қаблан дар чаҳорчӯби Форум, ҳамчунин санаҳои 13-15 октябри соли ҷорӣ, бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи байналмилалии “Universal-Tajikistan-2021” гузаронида мешавад, ки дар он маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ муаррифӣ хоҳанд гашт.

Бо дарназардошти номуайянӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳадафи Форум ба 3 самти асосӣ равона гардидааст:

1) Рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) Рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) Рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давра ва баъди пандемияи COVID-19.

Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам фаррохтар фаро гирифтани шумораи зиёди ширкаткунандагон, Форум дар шакли онлайнӣ низ фаъолияти худро ба роҳ монд. Хоҳишмандон тавонистанд аз дилхоҳ нуқтаи ҷаҳон ба ин Форум бипайванданд ва аз муҳтавои он баҳраманд гарданд.

Ҳамин тариқ сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ ва маҳаллӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон аз Форуми байналмилалии сармоягузорӣ – “DUSHANBE-INVEST-2021” дидан намуданду, бо сиёсати давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ошно гардида, аз тадбирҳои ба нақша гирифташуда оид ба рушди инноватсионӣ ва саноатии иқтисоди миллӣ, вазъи кунунии фазои тиҷорат ва сармоягузорӣ, имкониятҳо ва механизмҳои ҳавасмандкунӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top