Ба имзо расонидани нияти ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд » ва Созмони фанноварии иттилоот ва иртибототи шаҳрдории Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон

Санаи 8 ноябри соли 2023 маросими ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» ва Созмони фанноварии иттилоот ва иртибототи шаҳрдории Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

Дар доираи нияти ҳамкорӣ ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар лоиҳаҳои зерин изҳор намуданд:
1. «IT Park»;
2. «Сутунпояҳои махсуси таъинотӣ»;
3. «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»;
4. Лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт;

Ҳадафи асосии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ табодули таҷриба ва дониш дар соҳаи лоиҳаҳои ҳушманд барои рушди устувор мебошад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top